Конибодом. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба сокинони шаҳри Конибодом барномаи нахустини шабакаи нави телевизионии ТВ5 намоиш дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муассисони шабака, тележурналист Нӯъмон Умаров хабар дод, самти асосии фаъолияти шабака ба пешниҳоди иттилооти саҳеҳу дақиқ дар бораи рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар ва шаҳр ва ҳамчунин ҳифзи фазои иттилооти ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. «Барои фаъолияти пурсамар ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ шабака фаъолона бо мақомоти шаҳрдорӣ ва созмону ташкилотҳои дигари давлативу ҷамъиятӣ ҳамкории густарда ба роҳ хоҳад монд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, кормандони шабакаи нав рӯзноманигорони касбӣ ва ҳайати техникии корозмуда буда, ба қонеъ сохтани талаботи сокинон ҷиҳати тамошои барномаҳои хушсифат қодиранд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар ин шаҳри ҳаммарз бо Ӯзбекистону Қирғизистон шабакаи телевизионии «Анис» ва радиои шаҳрӣ амал мекунанд. Ҳамчунин ду ҳафтавор ба табъ мерасад, ки яктоаш нашрияи хусусӣ аст.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста