Душанбе. 4-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзили зист барои оилаи Атовулло Рақибов, ки қазияи ӯро ОИ «Азия-Плюс» тайи ним соли ахир бо хонандагонаш пайгирӣ дошт, оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» худи А.Рақибов хабар дод, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ 8 сотих замин ҷудо карда, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикичтон Муҳиддин Кабирӣ, ки қаблан барои сохтмони манзил ба ин оила изҳори кӯмак намуда буд, аз Душанбе 4 тонна семент, арматура ва дигар масолеҳи сохтмон фиристодааст. «Кор дар ҷӯш аст ва то мавсими сардӣ мо соҳиби манзил мешавем», - мегӯяд Рақибов.
Ёдрас мекунем, ки соли 2009 мақомоти маҳаллӣ хонаи Рақибовро хароб сохта, танҳо як ҳуҷраро боқӣ монданд, ки дар он минбаъд тамоми оила бо 5 кӯдак иқомат дошт.
Рақибов гуфта буд, амали ҳукуматдорон ҳеҷ асосе надорад, зеро ҳамаи асноди истифодаи қитъаи замин қонунист.
Мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин қазия 13 апрел оғоз гардида, 28-ум апрел додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсараш ва ду хоҳарашро шартан ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.
Қобили зикр аст, ки ин қазия дар ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Гурӯҳи истифодабарандагони шабакаи Интернет ба оилаи Рақибовҳо кӯмаки моддӣ расониданд. Журналистони ОИ «Азия-Плюс» ба оилаи Рақибовҳо маблағӣ пулӣ, маводи ғизоӣ ва сарулибоси кӯдакона тақдим намуданд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста