Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон масоили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, дар мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия, ки ба ҳайати он намояндагони хадамоти муҳоҷирати кишварҳо шомиланд, масоили таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия ва имкони ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии технологии Қазон дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
«Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ набояд бесарусомон бошад ва инро дар тамоми кишвархои узви ИДМ бахубӣ дарк мекунанд, вале мо бояд чунин механизмҳоеро дарёфт намоем, ки ба ҳама қобили қабул бошад, - гуфтааст зимни мулоқот муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов. – Ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 350-400 ҳазор нафар муҳоҷирон меоянд ва мо хоҳони онем, ки ба Русия мутахассисони омодашуда ва донандаи забони русиву анъанаҳои маҳаллӣ оянд».
Дар робита ба масъалаи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии технологии Қазон дар шаҳри Душанбе ректори донишгоҳи мазкур Герман Дяконов изҳор доштааст, ки дар филиали мазкур барои бахши саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисон тайёр карда мешаванд. «Ин мутахассисон бештар барои худи Тотористон заруранд, зеро бинобар омодагӣ ба баргузории Универсиада ҷумҳурӣ ба 30 ҳазор нафар коргарон ниёз дорад», - гуфтааст номбурда.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста