Кӯлоб. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як духтари 15-сола шоҳиди ҳодисаи аҷиби табиат гардид, ки аксбардории он ба телефони мобилиаш муяссар шуд.
Ба қавли хешовандони духтар, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аксҳои ҷолиберо пешниҳод сохтанд, ин ҳодиса дар маҳаллаи аҳолинишини Зарбдори хоҷагии деҳқонии «Хатлон»-и ноҳияи Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. «Ҳангоме ки Ҳуснорои Хайриддин субҳи 5-уми июл соатҳои 7:10-7:20-и вақти маҳаллӣ назди тиреза нишаста, ба кӯча нигоҳ мекардааст, ногоҳ дар ҳаво пораи абре пайдо шуда, ба шакли калимаи «Оллоҳ» қарор гирифтааст», - гуфтанд онҳо.
Хешовандони духтар ҳамчунин изҳор доштанд, ки Ҳусноро аз ин ҳол сахт ҳаросида, вале муяссараш гаштааст, ки бо телефони мобилиаш якчанд акс бардорад. «Сипас тозон худро зери кӯрпа гирифта, ба доду фарёдзанӣ оғоз мекунад ва модараш омада, ӯро ором сохтааст», - афзуданд онҳо.
Ёдрас мекунем, ки қаблан низ сокинони Тоҷикистон аз пайдо шудани калимаи «Оллоҳ» дар рӯйи сангҳову роҳрав ва пӯсти ҳайвонот низ хабар дода буданд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста