Қӯрғонтеппа. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳукуматдорони вилояти Хатлон ба маъмурияти вилояти Новосибирски Русия лоиҳаи Меморандум дар бораи роҳандозии ҳамкориҳоро пешниҳод карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Давлатхӯҷа Мирзоев хабар дод, соли гузашта як ҳайати вилояти Хатлон аз Олтой боздид намуда, бо мансабдорони баландпояи вилояти Новосибирск дидору гуфтушунид дошт. «Аз рӯйи натиҷаҳои ин гуфтушунидҳо мо лоиҳаи Меморандум дар бораи ҳамкории минбаъдаи вилоятҳои Хатлон ва Новосибирскро омода сохтем», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, дар чаҳорчӯби лоиҳа ба намояндагони Русия роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, маориф ва ғайра пешниҳод гардида, ғайр аз ин, ифтитоҳи корхонаи муштараки коркарди сабзавоту мева дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста шудааст. «Дар навбати худ, аз онҳо дархост намудем, ки ба мо майдони ҷангал ҷудо созанд, то ки корхонаи коркарди чӯб кушоем. Агар дархости мо қабул шавад, мо метавонем муҳоҷирони кории тоҷики муқими вилояти Новосибирскро ба кор даъват кунем ва корхонаҳои муштарак таъсис дода, маҳсулоти тайёрро ба Тоҷикистон содирот намоем», - афзуд Д.Мирзоев.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста