Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8-уми июлро ҳамчун ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил менамоянд. Имрӯз ба муносибати ин ҷашн дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ - ярмаркаи маснӯъоти истеҳсолкардаи ашхоси дорои имконияти маҳдуд баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи муштараки ширкати Ассотсиатсияи дастгирӣ ва кӯмаки Ҷопон ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистону Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе созмон дода мешавад.
«Дар намоишгоҳ – ярмарка маснӯъоти бо дастони ашхсои дорои имконияти маҳдуд офаридашуда ба маърази тамошо гузошта шуда, маблағи аз фурӯш бадастомада ба рушди минбаъдаи ҳаракати маъюбон равона хоҳад шуд», - таъкид сохт Зикрихудоев.
Номбурда афзуд, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо дар он ифода меёбад, ки аъзои баробарҳуқуқ ва ҷудонашаванда будани ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ҷомеаро ба хубӣ дарк созем.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе бо мақсади таблиғи фаъолияти ҳаракати маъюбон дар замони истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳаёт – ҳаракат аст» автомарафон доир намуд, ки дар он 25 нафар маъюбони фаъол аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор нафар афроди дорои имконияти маҳдуд ба сар мебаранд. Дар пойтахти кишвар ин нишондиҳанда ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста