Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Айни замон шумори истифодабарандагони шабакаи Инетернет дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. нафарро ташкил медиҳад ва агар ин шуморро бо ду соли пеш муқоиса намоем, метавон гуфт, ки афзоиши шумори истифодабарандагони шабака дар кишвари дорои 7,5 млн. нафар аҳолӣ яке аз босуръаттарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар ин бора зимни суханронӣ дар шаҳри Вена дар машварат таҳти унвони «Пешбурди гуногунандешӣ дар ВАО-и нав» мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов хабар дод. Дар машварати мазкур мушкилот ва имконоти васоити ахбори умуми нав дар мусоидат ба гуногунандешӣ, ҷанбаҳои гузаштан ба пахши телевизиони рақамӣ ва масоили танзими шабакаи Интернет дар минтақаи САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Тоҷикистон баҳри ҳавасмандсозии рушди босуръати Интернет тамоми чораҳоро меандешад. Дар назди президенти Тоҷикистон Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амал мекунад, ки роҳбарии онро сарвари давлат ба ӯҳда дорад. Дар ҷаласаҳои Шӯро масоили муҳими рушд ва дастгирии шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд», - изҳор доштааст ӯ.

С.Сиддиқов ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон имконоти нави рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фароҳам оварда шуда, зербинои дастрасӣ ба шабакаи Интернет низ дар ҳоли инкишоф аст. «Айни замон дар хона ё тавассути телефони мобилӣ метавон ба Интернет дасрасӣ пайдо кард, вале чун ҳама аз чунин имконот бархӯрдор нестанд, дар тамоми шаҳру марказҳои навоҳӣ марказҳои дастрасӣ ба Интернет ифтитоҳ шудаанд», - иброз доштааст вай.

Дар робита ба масъалаи норсаоиҳои шабакаи Интернет номбурда гуфтааст, муддати 30 сол аз замони мавҷудияташ Интернет оламро ба таври назаррас тағйир дода, ба рушди озодии баён мусоидат намуд. «Интернет рамзи озодӣ гардид, вале озодиро бояд аз худсарӣ ҷудо гузошт, зеро озодӣ ҳамчун имкони интихоб дар чаҳорчӯби қонун маҳдуд мешавад, «Вале чун худсарӣ сарҳад надорад, аз ин рӯ, зараровару фалокатбор  аст», - афзудааст ӯ.

Ҳайати Тоҷикистонро дар машварати Вена ҳамчунин муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ Дилафрӯз Амирқулов, раиси бахши «Тоҷиктелеком»-и Кӯлоб Саъдулло Кароматов ва директори СМТ Зиннатулло Исмоилов намояндагӣ карданд.