Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нисбат ба солҳои 90-ум мизони таваллуд дар Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати идораи ташкили хизматгузорӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Шералӣ Раҳматуллоев хабар дод, агар дар солҳои 90-уми асри гузашта ба як оила 607 нафар кӯдак рост меомад, айни замон дар як оила ба ҳисоби миёнаи оморӣ 3-4 нафар кӯдак рост меояд ва ин гувоҳи он аст, ки тоҷикистониён банақшагирии зиндагии оилавиро омӯхтаанд. «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони таваллуди кӯдакон дар кишвар ба миқдори 4 ҳазор нафар камтар шуда, агар дар зарфи 6 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 100 ҳазору 893 тифли навзод ба дунё омада бошад, пас дар шаш моҳи соли равон ин шумор 96 ҳазору 982 нафар тифли навзодро ташкил медиҳад», - гуфт вай.
Раҳматуллоев аз вазни барзиёди занони тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, ин мушкилот дар занони синнусоли ба таваллуд мувофиқи Тоҷикистон бисёр рӯзмарраву ҳалталаб аст. «Феълан беш аз 42%-и занони пойтахт вазни аз меъёр зиёд доранд, ки ҳангоми таваллуд ба онҳо мушкилот эҷод сохта, дар баъзе ҳолатҳо боиси марг ҳам мешавад», - афзуд номбурда.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони маргу мири модарон 45,4 ба 100 ҳазор тифли навзодро ташкил додааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 49,6 ба 100 ҳазор нафар тифл рост меомад.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста