Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон, ки рӯйи таҳияи он 60 нафар олимон машғуланд, ахири соли 2012 ба табъ хоҳад расид, - изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов.
Дар робита ба ин масъъала Талбак Салимов мегӯяд, «Китоби сурх»-и нахустин ва ягонаи Тоҷикистон соли 1988 ба чоп расида, соли 1994 тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ нашр шуд. «Аз он замон дар таркиби набототу хайвоноту Тоҷикистон тағйироти зиёде ба вуқӯъ пайвастанд ва бо назардошти он, мо ният дорем, ки «Китоби сурх»-и нави кишварро аз нав таҳия намоем», - иброз дошт вай.
Дар «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон дар бораи вазъ, ҷараёни паҳншавӣ ва макони зисти ҳайвоноту наботот, чораҳо бобати ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ки дар ҳоли нестшавӣ қарор доранд ва дигар организмҳои муваққатан ё доимӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маскунбуда маълумоти муфассал дарҷ хоҳад ёфт.
Бо қарори ҳукумат аллакай ҳайати мушовараи муҳаррирони таҳияи «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон таъсис ёфта, барои таҳия ва нашри он аз ҳисоби бюҷети давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста