Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Мониторинги нархҳо ба маводи ғизоӣ, ки ОИ «Азия-Плюс» дар бозорҳои пойтахт доир сохт, нишон дод, ки бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон арзиши онҳо ба ҳисоби миёна аз 10 то 50% боло рафтааст.
Беш аз ҳама арзиши маҳсулоти кишоварзӣ боло рафт. Ҳамин тариқ, нархи сабзиву бодиринг аз 1,5 сомонӣ мутаносибан то 3-4 ва 2,5 сомонӣ зиёд шуданд.
Моҳи июл бо сабабҳои номаълум арзиши помидор якбора аз 2,5 то 3-4 сомонӣ боло рафта, алҳол бетағйир боқӣ мемонад.
Арзиши маводи асосии ғизоӣ низ боло рафта, айни замон қимати як литр равғани рустанӣ 11-12 сомонӣ ва шакар – 7,5 сомониро ташкил медиҳад. Нархи як кило биринҷ аз 5 то 10 сомонӣ ва қимати як халта орд аз 125 то 140 сомонӣ аст.
Сарфи назар аз даъвати ҳукумати кишвар, тоҷирон ҳарчанд дар варақаи нархномаашон арзиши як кило гӯшти говро 23 сомонӣ барои як кило навишта бошанд ҳам, онро бо нархи 26-28 сомонӣ барои як кило мефурӯшанд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста