Имрӯз дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома ёфт.

Дар ҷаласа баёноти шоҳидон, ки чаҳор нафарашон барои узвият ба созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд, шунида шуданд.

Ҳамаи онҳо баёнот доданд, ки Усмоновро ҷонибдори созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» намешуморанд ва аз узвияти ӯ чизе нашунидаанду аз корҳои таблиғотии Усмонов оид ба паҳн кардани афкори ҳизб тавассути Би-Би-Сӣ хабаре надоранд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ дар бинои додгоҳи вилоятӣ рӯзи 23-юми август доир мегардад. Адвокати журналист Файзинисо Воҳидова аз раиси додгоҳ дархост кард, ки ба ҷаласа муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, ки бевосита ин парвандаро баррасӣ кардааст ва корманди ин мақомот, ки бевосита дар боздошти журналист иштирок кардааст, даъват карда шаванд.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорони дафтари маскавии Би-Би-Сӣ, намояндагони Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» ширкат доранд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Пас аз як моҳ хабарнигор бо шарти тарк накардани қламрави маҳалли зист озод карда шуд. Би-Би-Сӣ бар ин назар аст, ки айбҳои нисбати Ӯрунбой Усмонов пешниҳодшуда бепоя буда, ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.