Дар шаҳри Душанбе ташкилоти нави журналистӣ – Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд, ҳадафи созмони навтаъсис ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои радиотелевизионӣ ва студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ мебошад. «Асосиасияро ҳафт ташкилот ТВ «СМТ», ТВ «Регар», ТВ «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, ТВ 5- шаҳри Конибодом, ТВ «Симо»-и шаҳри Панҷакент, Телевизион ва радиои мустақили Қӯрғонтеппа ва ҶДММ «Ориёномедиа» таъсис доданд», - иброз дошт роҳбари Ассосиатсияи мазкур, директори ТВ «Симои мустақили Тоқикистон» Зинатулло Исмоилов.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи муассисон зикр гардид, ки дигар ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ низ омода ҳастанд, ки ба узвияти Асосисатсия шомил гарданд. Мақсади асосӣ он аст, ки – мегўяд Зинатулло Исмоилов, то кунун манфиатҳои васоити ахбори чопӣ ва масоили ҳуқуқии фаъолияти журналистии онҳо баррасӣ мешуданд, аммо ба васоити электронии ахбор таваҷҷўҳ хеле кам буд. Ҳол он ки ин васоит дар пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ саҳми хоссае доранд ва ягона манбаи алтернативии дастрасии мардум ба иттилоот мебошанд. Илова бар ин соли 2015 Тоҷикистон дар баробари 100 мамлакати дигари ҷаҳон ба пахши рақамӣ мегузарад ва дар ин замина дифоъи мавқеи телевизион ва радиоҳои мустақил аз аввалинтарин вазифаҳои Асосиатсияи навтаъсис мебошад.
Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост
Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Пардохти хизматрасониҳои электронии хориҷӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста