Чанде қабл ҷаласаи навбатии додгоҳӣ оид ба даъвои Анвар Тағоймуродов нисбат ба ҳафтавори «Азия-Плюс» доир гардид. Тамоми дархостҳои ҳафтавор то ҳанӯз қонеъ нашудаанд. Ғайр аз ин, дар матбуоти даврӣ перомуни ин масъала суолҳои нав пайдо шуданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми декабри соли 2010 дар ҳафтавори «Азия-Плюс» таҳти унвони «Следствие или инквизиция» (Тафтишот ё шиканҷа) мақолае ба табъ расид, ки дар он бо истинод ба шоҳидон ва хулосаҳои ташхиси судиву тиббӣ, дар бораи истифодаи шиканҷа нисбат ба гумонбаршудагон аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ ва сохторҳои он дар вилояти Суғд сухан мерафт. 20-уми январи соли 2011 сардори раёсати мазкур Анвар Тағоймуродов барои паст задани шаъну эътибори раёсат аз болои газета ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъво пеш овард. Дар аризаи худ даъвогар ҷуброни 1 млн. сомонӣ ба фоидаи худро дархост кард.

Ҳанӯз аз оғоз идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» таваҷҷӯҳи додгоҳро ба як қатор мухолифатҳо дар даъвои пешниҳодшуда ҷалб карда буд.

1. Тағоймуродов ба сифати шахси воқеъӣ даъво пеш меоварад, вале ин фаҳмо нест, зеро шаҳрванд Тағоймуродов дар мақола шахсан ба ҳеҷ чизе айбдор карда намешавад. Дар ин ҳолат ҳафтавор ба ҳеҷ гунае шаъну эътибори ӯро паст назадааст.

2. Агар даъвогар ба сифати шахси ҳуқуқӣ даъво пешниҳод карда бошад, пас чаро 1 млн. маблағи ҷубронро на ба фоидаи раёсат, балки ба фоидаи худ дархост мекунад? Ва муҳимтар аз ҳама – Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ шахси ҳуқуқӣ нест ва мутобиқи «Муқаррарот дар дар бораи РМҶМ (УБОП)-и ВКД ҶТ», ки бо фармони вазири корҳои дохилӣ №529 аз 28-уми августи соли 2007 тасдиқ шудааст, барои ба сифати даъвогар ё ҷавобгар фаъолият кардан ҳуқуқ надорад. Ғайр аз ин, мутобиқи моддаи 51-и Кодекси гражданӣ, ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ дар кишвари мо бояд аз қайди давлатӣ гузашта, ба феҳристи ягонаи давлатӣ шомил гарданд. РМҶМ ВКД қайди давлатӣ надорад ва ба рӯйхати ягонаи давлатӣ дохил нашудааст.

3. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои шахси ҳуқуқӣ мафҳумҳое чун «шаън» ва «эътибор» мавҷуд нест, он танҳо ба шахси воқеъӣ дахл дорад.

4. Тибқи қонун дар бораи боҷи давлатӣ, агар даъвогар дар додгоҳ ҷуброни маблағи муайянеро талаб намояд, пас ӯ бояд пешакӣ маблағи боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 0,5-0,7 дарсад аз маблағи умумии ҷуброни дархостшударо пардохт кунад. Ҳамин тариқ, агар собиқ сардори РМҶМ аз ҳафтавор пардохти 1 млн. сомонӣ маблағи ҷубронро дархост карда бошад, пас ҳадди ақалл ӯ бояд 5 ҳазор сомонӣ маблағи боҷи давлатиро пешпардохт кунад. Додрас бидуни пешпардохти маблағи боҷи давлатӣ, ба қабули даъво ҳуқуқ надорад. Вале қабул кардааст. Чаро?

5. Дар Қонун «Дар бораи матбуот ва ВАО» гуфта мешавад, пеш аз муроҷиат ба додгоҳ даъвогар бояд ба газета раддия ё посух ба мақоларо ирсол кунад, вале А. Тағоймуродов ин талаботи қонунро риоя накардааст.

Идораи газета сар аз оғози мурофиа аз додгоҳ дархост намуд, ки ба риоя накардани талаботҳои мазкури қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноии мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир созад, вале то ҳанӯз онҳо ба эътибор гирифта нашудаанд.

- Ин қонуншиканиҳо хусусияти принсипиалӣ доранд ва аз ин рӯ, дар асоси он додрас мебоист даъвои А. Тағоймуродовро бидуни баррасӣ мегузошт, - мегӯянд адвокатҳои ҳафтавори «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов.

  Дар ҷаласаи дирӯз А. Тағоймуродовро намояндаи нав – корманди РМҶМ Шоҳусайн Коров намояндагӣ кард. Полковник Валихон Муллоев, ки қаблан аз манфиатҳои А. Тағоймуродов ҳимоя мекард, дар таърихи 20-уми август ба мансаби сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Ҷониби даъвогар ба ҷавобгар боз даъвати созиш бо шартҳои муайянро пешниҳод кард, аммо намояндагони газета онро рад сохтанд.

- Гап сари он аст, ки онҳо созишро бо шарти аз ҷониби ҳафвтавор эътироф кардани иштибоҳи худ ва нашри раддия аз номи худ пешниҳод менамоянд, ки ин барои идораи ҳафтнома қобили қабул нест.

Намояндагони даъвогар изҳор карданд, ки ба идораи ҳафтавор шартхои созишро ба таври хаттӣ пешниҳод мекунанд. Барои шиносоии иштирокчиёни мурофиа бо эътирози мазкур, додгоҳ то 30-юми август танаффус эълон кард.

Акс аз www. ozodi.org