Ширкати «Барқи тоҷик» барои сокинони шаҳри Кӯлоб, ки баҳори соли гузашта аз офати табиӣ осеб дида буданд, зеристгоҳи нави трансформаториро ба кор даровард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари корхонаи шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов хабар дод, иқтидори трансформатор 16 ҳазор кВА (киловолт-амперро) ташкил дода, он аз Қазоқистон оварда шудааст. «Ин зеристгоҳ бояд соли гузашта мавриди истифода қарор мегирифт, вале барои дастрас кардани он аз Қазоқистон муддате чанд зарур омад, ки интизорӣ кашем, зеро дар Тоҷикистон танҳо трансформаторҳои иқтидорашон то 1 ҳазор кВА истеҳсол мешавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, иқтидори кунунии трансформатори зеристгоҳ барои сабук кардани кори зеристгоҳи ҳамсояи «Кӯлоб дар фасли зимистон, ки бар асари беҳад зиёд аз меъёр кор кардан зуд-зуд аз кор мебаромад, имкон фароҳам месозад.
Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов изҳор кард, ки рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар рустои Сулдузии ноҳияи Балҷувон хатти интиқоли барқи дарозиаш 5,2 км ба низоми умумии энергетикӣ пайваста мешавад. «Ҳудуди 20 оилаи маҳаллаи аҳолинишини мазкур даҳҳо сол бидуни истифодаи нерӯи барқ зиндагӣ доштанд», - афзуд ӯ.
Қобили зикр аст, ки энергетикҳои минтақа сохтмони хатти нави интиқоли барқ дар канори шаҳри Кӯлобро низ маблағгузорӣ намуда, барои оилаҳои аз офати табиӣ осебдида ҳафт адад манзили зист бунёд намуданд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста