Дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони шартии «Дӯтатро аз чанголи героин рҳо намо» як аксия доир шуда истодааст. Созмондеҳи он - ташкилоти ҷамъиятии «Анис» аст. Аксия дар чаҳорҷӯби лоиҳаи аз ҷониби USAID маблағгузоришуда таҳти унвони «Муколама оид ба ВНМО (ВИЧ) ва бемории сил» мегузарад.
Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти «Анис» Идимо Холмуродова, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Консорсиуми шарикон таҳти сарварии Population Services International (PSI) дар тамоми 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди амалӣ гардидан қарор дорад.
«Бобати самаранокии пешбурди лоиҳа метавон аз таҷрибаи худ мисол овард, зеро дар тӯли 2 соли нопурра дар доираи амалисозии лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб маркази барқарорсозӣ барои 10 ҷой арзи вуҷуд намуда, барои кормандони иҷтимоии машғул бо истеъмолгарони маводи нашъаовар тариқи сӯзандору, кормандони масъул ба пешгирии фоҳишагарӣ, беморони ВИЧ ва қишрҳои дигари аҳолии бештар осебпазири гирифторшавӣ ба ин бемориҳо тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд.
«Дар муддати амалисозии лоиҳа ҳудуди 100 нафар беморони гирифтори нашъамандӣ табобат ёфта, даҳҳо нафар беморони гирифтори ВИЧ ошкор ва ба садҳо нафар беморони гирифтори касалии сил дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ хеле беҳтар карда шуд», - таъкид кард ӯ.
«Аксари беморони истеъмолгари маводи нашъаовар тариқи сӯзандору, ки дар маркази мо табобат гирифтанду имрӯз ба ҳаёти солим баргаштаанд, айни замон ҳамроҳи мо дар ин аксия иштирок доранд ва шиори «Дӯстатро аз чанголи героин раҳо намо»-ро ҳам маҳз онҳо пешниҳод карданд», - афзуд роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Анис».
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста