Ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои генерал Анвар Тағоймуродов ба ҳафтавори «Азия-Плюс» бори навбатӣ доир нагардид.
Тавре адвокати ҳафтавор Шӯҳрат Қудратов хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ бинобар ба додгоҳ ҳозир нашудани намояндагони даъвогар баргузор нашудааст.
«Ин маротибаи дуюм аст, ки намояндагони даъвогар ба додгоҳ ҳозир намешаванд ва дар ин хусус ҷониби дигарро огоҳ намесозанд. Қабл аз ин низ онҳо ба мурофиаи додгоҳии рӯзи 16-уми сентябр ҳозир нашуда буданд. Додрас бо онҳо дар тамос шуда, ҳозир шуданашонро дар соати 3-и рӯз мувофиқа кард, вале онҳо боз наомаданд. Додгоҳ тасмим гирифта буд, ки мурофиаро то рӯзи 21-уми сентябр мавқуф гузорад, вале имрӯз ҳам онҳо бо сабабҳои номаълум ҳозир шуда натавонистанд. Акнун мурофиаи додгоҳии навбатӣ ба снаи 23-юми сентябр таъин гардид», - гуфт Қудратов.
Ёдрас мекунем, ки собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, феълан муовини вазири ин ниҳод Анвар Тағоймуродов нахуст нашрияи «Азия-Плюс» ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» олудаи тӯҳмату таҳқир буда, шаъну эътибор ва номи неки ӯро миёни кормандон ва ҷомеаи паст мезанад. Ӯ 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст . Мавриди зикр аст , ки дар матлаби Рамзия Мирзобекова аз шиканҷаву азоби боздоштшудаҳо аз сӯи кормандони интизомӣ нақл мешуд .
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста