Зимни суханронӣ дар ҷаласаи корӣ таҳти унвони «Озодии баён, виҷдон, дин ва эътиқод» дар чаҳорчӯби Машварати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Варшава оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлон Мухторов изҳор кард, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ба ягон равия ё самти динӣ афзалият надода, ба ӯ имкон намедиҳад, ки афкори худро ба тамоми ҷомеа таблиғ намояд.

«Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон ва интихоби мазҳаб кафолат дода шуда, бо мақсади роҳандозии муносибати таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром миёни диндорон ва дигар аҳли ҷомеа, байни иттиҳодияҳои динии мазҳабҳои гуногун ва ҷонибдорони онҳо чораву тадбирҳо андешида мешаванд, - гуфт ӯ. – Дар ҳамин ҳол, ба ҷой доштани амалҳои таассуби динӣ ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва шаҳрвандони ҷудогона роҳ дода намешавад».

Ба қавли Мухторов, озодии густардаи ҳуқуқҳои динӣ дар давлати ҷавони демокративу ҳуқуқӣ ва дунявӣ бо мушкилоти муайяни иқтисодӣ боиси ба вуҷуд омадани баҳсҳо ва муколамаҳои умумии сиёсиву ҳуқуқӣ мегардад.

Ба андешаи ӯ, ҷиҳати мусбат он аст, ки Тоҷикистон ягона давлати дунявӣ дар Шарқи Марказӣ боқӣ мемонад, ки дар қаламрави он ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ амал мекунад ва ин ҳизб дар парлумони ҷумҳурӣ намояндаҳои худро дорад.

«Ба санаи 1-уми сентябри соли 2011 дар мақомоти дахлдори кишвар 3 ҳазору 829 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин миқдор 3 ҳазору 755 ададашон иттиҳодияҳои динии исломӣ мебошанд. Дар кишвар 3 ҳазору 362 масҷиди намози панҷгона, 344 масҷиди ҷомеъ, 49 масҷиди марказии ҷомеъ, Маркази исломии Тоҷикистон, 7 мадраса ва 1 ҷамоатхонаи исмоилиён амал мекунанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ мавҷуданд, - изҳор кард Мухторов ва афзуд, ки дар Тоҷикистон Донишкадаи ба номи Имом Аъзам Абӯҳанифа фаъолият дорад, ки дар он 1 ҳазору 400 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. «Ғайр аз ин, дар 19 мадраса, даҳҳо макотиби маърифативу исломӣ, 1 гимназияи исломӣ ва 1 мактаби диниву маърифатӣ беш аз 6 ҳазор нафар писарону духтарон таълим мегиранд», - иброз дошт вай.

Дар навбати худ, зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур адвокати филиали Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсони шаҳри Хуҷанд Сайфулло Эргашев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран дар Тоҷикистон бо афроди диндор муборизаи пӯшида сурат гирифтааст.

Ба қавли ӯ,  намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ бо баҳонаҳое барои шахсони доиркунандаи расму оини динӣ монеъахо эҷод мекунанд ва ҳатто баъзан барои ин амал онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашнд.

«Дар Тоҷикистон аллакай муддати се сол аст, ки Қонун «Дар бораи танзими расму оинҳо» амал мекунад, ки дар ҷаҳон собиқа надорад. Сарфи назар аз шарҳи нодурусти меъёрҳои қонуни мазкур аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ба аҳолӣ, соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи озоии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расид. Шарҳи нодурусти меъёрҳои ин қонунҳо аз ҷониби намояндагони сохторҳои давлатӣ аксаран ба нақзи талаботи озодии баён, виҷдон ва дин боис мегардад», - зикр кард Эргашев.

Ба андешаи ҳуқуқшинос, мақомоти давлатӣ на аз рӯйи усули «ба он чизе, ки манъ нашудааст, иҷозат дода мешавад», балки баръакс тибқи усули «манъи тамоми он чизе, ки иҷозат дода нашудааст» кор мегиранд, яъне расму ойинҳо бояд танҳо дар ҷойҳое гузаронида шаванд, ки иҷозат дода шудааст.

Барои беҳбуди вазъ Эргашев як қатор тавсияҳо, аз ҷумла аз ҷониби парлумон дубора баррасӣ шудани меъёрҳои қонунгузорӣ дар ин соҳа ва мутобиқати он ба Сарқонун ва меъёрҳои байнулмилалӣ, даст кашидани мақомоти давлатӣ аз муборизаи пӯшида бо диндорон, роҳ надодан ба дахолати сохторҳои давлатӣ ба фаъолияти мардум оид ба иҷрои маросимҳои мазҳабӣ ва аз ҷониби САҲА баргузор намудани мониторинги вазъ ва хотиррасон кардан ба Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои гирифта оид ба риояи ҳуқуқи инсонро тавсия намуд.