Шаби гузашта собиқ раиси Шӯрои Оии Тоҷикистон, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии даъвати кунунӣ Сафаралӣ Раҷабов бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Маросими намози ҷанозаи ӯ дар масҷди ҷомеъи шаҳри Душанбе доир гардида, ҷасади ӯ дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок супорида хоҳад шуд.

Сафаралӣ Раҷабов аз 16 марти соли 2010 дар вазифаи Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ кор мекунад Ӯ 2-юми сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1977 Донишгоҳи педагогии Душанбе, соли 1989 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1971-1972 - коргари бригадаи совхози «Қалъаи дашт»-и ноҳияи Файзобод; солҳои 1972-1973 - коргари анбори тухми сабзавоти ноҳияи Файзобод; солҳои 1973-1977 - донишҷӯи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе; соли 1977 - муаллими мактаби миёнаи № 8-и ноҳияи Файзобод; солҳои 1977-1980 - сардори клуби варзишию техникии ДОСААФ-и н. Файзобод; солҳои 1980-1986 - директори комбинати байнимактабии таълимию истеҳсолии ноҳияи Файзобод; солҳои 1986-1990 - директори омӯзишгоҳи касбию техникии №24-и ноҳияи Файзобод; солҳои 1990-1991 - котиби Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, шаҳри Душанбе; солҳои 1991-1992 - муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, шаҳри Душанбе; солҳои 1992-1995 - Раиси Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, шаҳри Душанбе; солҳои 1995-2000 - Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе; аз январи соли 2000 то моҳи марти соли 2005 - Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2005-2010 - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ; аз 16 марти соли 2010 - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.