Дар масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Сафаралӣ Раҷабов, ки шаби гузашта бар асари бемории сактаи қалб дар сини 57-солагӣ аз олам даргузашт, баргузор шуд.
Дар ин маросим намояндагони мақомоти раҳбарии ҳукумат, кормандони мақомоти шаҳрдории пойтахт, дӯстон ва наздикони марҳум ширкат варзиданд.
«Сафаралӣ Раҷабов фарзандаи шоистаи миллат буда, дар давраи душвори таърихии соҳибистиқлол гардидани кишвар саҳми босазо гузошт», - гуфт зимни суханронии худ дар ин маросим раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров.
Ба қавли Зуҳуров, сифатҳои наҷиби инсонӣ ва сатҳи тахассусии баланди Сафаралӣ Раҷабов ҳангоми фаъолият ба ҳайси вазири маорифи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасиданд.
«Меҳнати фидокорона барои миллат ва номи неки ӯро мо ҳамеша дар ёд хоҳем дошт», - афзуд Шукурпҷорн Зуҳуров.
Пас аз анҷоми маросими ҷаноза ҷасади Сафаралӣ Раҷабов дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста