Чанде қабл ҷаноби Такааки Коматсу, котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Акбар Ятимов, раиси ноҳияи Варзоб дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи №19 ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.
Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи №19 ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб» бо маблағи умумии 106,305 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, бо муваффақ ба итмом расид.
Соли 1930 мактаби миёнаи № 19 дар ҷамоати «Деҳмалик» аз тарафи мардуми маҳаллӣ бо усули лойдевор сохта шуда, то ҳол хеле фарсуда гашта ва барои омӯзиш дар мавриди номусоид қарор дошт. Аз ҳисоби ноамнии шароити омӯзиш, деворҳои вайрон ва чакиши шифтҳо, толибилмон ба омӯзиш чандон таваҷҷӯҳ надоштанд.
Тавассути лоиҳаи мазкур иншооти нави мактаб бо чаҳор ҳучраи синфӣ ва ҳуҷраи муаллимон сохта шуд ва бо таҷҳизоти мактабӣ мисли мизу курсӣ ва компютер муҷаҳҳаз шуд. Бинои нав ва таҷҳизот ба зиёда аз 110 талабагон муҳити боамн ва беҳтарро дастрас менамояд. Бинобар ин, лоиҳа ҳамчун омили асосӣ барои рушди бардавоми иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷамоати «Деҳмалик»-и ноҳияи Варзоб саҳм мегузорад.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 274 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста