Боздоштани фаъолияти Суди ҳакамӣ дар Хуҷанд ба манфиати ислоҳоти судӣ, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад, созгор нест, - чунин мешуморад раиси суди мазкур Муҳаббат Ҷӯраева.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, фаъолияти Суди ҳакамӣ бо талаби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар таърихи 10-уми январи соли равон боздошта шуд.
«Ҳамин мақомот нисбат ба ман тибқи моддаи 296-и КҶ ҶТ (Суистеъмол аз ваколатҳои аудиторӣ, судяҳои ҳакамӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон парванда ба суди шаҳри Хуҷанд супорида шудааст. Ман худамро гунаҳкор намешуморам ва дар чаҳорчӯби қонунгузории мавҷуда амал кардам», - зикр кард Ҷӯраева.
Ба гуфтаи Ҷӯраева, ташкилоти ӯ – Маркази ҳифзи ҳуқуқи «Твой адвокат» (Адвокати ту) дар Тоҷикистон бори нахуст суди ҳакамии доимо амалкунанда таъсис додааст, ки ба фаъолият моҳи январи соли 2009 шурӯъ кард. Дар муддати фаъолият суд беш аз 150 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ташкилот ифтитоҳи филиалҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва судҳои ҳакамии доимо амалкунандаро ба нақша гирифта буд. Айни замон фаъолияти филиалҳои судҳои ҳакамӣ дар шаҳри Хуҷанд, Исфара, Душанбе, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Спитамен низ боздошта шудааст.
Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» 5-уми январисоли 2008 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин баҳсҳои шаҳрвандон баррасӣ гардида, кори судҳои таъиноти умумӣ сабуктар карда шавад, зеро пас аз ба дӯши онҳо вогузор гардидани қисмате аз вазифаҳои мақомоти прокуратура, кори онҳо бештар гардид.
Мутобиқи моддаи 11-и Кодекси граждании ҶТ, суди ҳакамӣ ба суди таъиноти умумӣ баробар карда шудааст ва аз ин рӯ, иҷрои қарорҳои он низ барои тамоми корхонаву ташкилотҳо ҳаттмист. Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», судҳои ҳакамӣ ба баррасии баҳсҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ миёни шаҳрвандон ваколат доранд», - афзуд Ҷӯраева.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста