Президенти Украина Виктор Янукович сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба бозии финалии Ҷоми Аврупо-2012 оид ба футбол, ки дар варзишгоҳи Маҷмааи миллии варзишии «Олимпийский» дар пойтахти Украина – шаҳри Киев доир мегардад, даъват намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Украина, дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Украина сарони кишварҳои Украинаву Тоҷикистон аз варзишгоҳи таҷдидёфтаи «Олимпийский» боздид кардаанд.
Дар иттилоъ зикр мегардад, ки Янукович ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон тӯби футбол бо тасвири варзишгоҳи «Олимпийский»-ро низ тақдим намудааст.
Ёдрас мекунем, ки мусобиқоти Ҷоми Аврупо-2012 оид ба футбол дар Украинаву Лаҳистон баргузор мешавад. Мусобиқот 8-уми июн бо вохӯрии нахустин дар пойтахти Лаҳистон – шаҳри Варшава оғоз гардида, бозии ниҳоӣ рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Киев доир мегардад.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста