Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки субъектҳои хоҷагидор дар бинои «Корхонаи воҳиди давлати Биржаи меҳнатии ҷавонон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 декабри соли 2011 барои муҳоҷирони меҳнатии аз давлатҳои хориҷа берун кардашуда ва шахсони корҷуй ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд.
Тавре аз маркази матбуоти хадамоти мазкур хабар доданд, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки дорои иҷозатнома (литсензия)-и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар мебошанд, зиёда аз 1600 ҷойҳои холи корӣ ва вазифаҳои озод дар хориҷи кишвар бо ихтисосҳои сохтмончӣ, ронанда, коргар дар хоҷагии фермерӣ, фурӯшанда, хизматчӣ дар меҳмонхона ва ғайра бо маоши аз 300 то 1500 доллари ИМА пешниҳод гардид.
Ба иттилои манбаъ, аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки дорои иҷозатномаи (литсензия)-и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби қувваи кори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд, зиёда аз 840 ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид.
Дар ярмаркаи мазкур 24 субъектҳои хоҷагидор корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Ба муҳоҷирони меҳнатии аз давлатҳои хориҷа берункардашуда ва шахсони корҷӯй зиёда аз 860 роҳхат барои бо кор таъмин намудан дар қаламрави ҷумҳурӣ ва давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Арабистони Саудӣ дода шуд.
Аз 55 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Федератсияи Россия берун гардиданд, 25 нафарашон бо кор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 30 нафарашон дар қаламрави кишвар таъмин гардиданд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста