Аз 22 то 24 декабри соли 2011 ташрифи профессор Лим Кок Винг, Президенти Донишгоҳи «Лимкоквинг»-и Малайзия ба Душанбе баргузор гардид. Тибқи барномаи сафари худ, профессор Лим Кок Винг бо Муовини Сарвазир Руқия Қурбонова, Муовини Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири маориф ва бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ анҷом дод.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст, хусусан дар соҳаи маориф имкони кушодани филиали Донишгоҳи «Лимкоквинг» дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдрас мекунем, ки Донишгоҳи «Лимкоквинг» (Limkokwing)-и Малайзия – Донишгоҳи Технологияҳои Креативӣ донишгоҳи байнулмилалиест, ки дар шаҳри Куала-Лумпур воқеъ аст. Дар он зиёда аз 6500 нафар донишҷӯён аз 90 кишвари дунё – Осиё, Африқову Аврупо (Малайзия, Ҳиндустон, Чин, Сингапур, Камбоҷа, Ботсвана, Британияи Кабир) таҳсили илм мекунанд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста