Мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷиҳати сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ дар назди бозори «Саховат» тендер эълон кард. Тендер аз 15 то 25-уми феврал гузаронида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, арзиши лоиҳаи сохтмон 2 млн. 175 ҳазор сомониро ташкил дода, пас аз оғози корҳои сохтмонӣ бунёди иншоот бояд дар муддати 10 моҳ ба анҷом расад.

«Тибқи лоиҳа, дарозии гузаргоҳи зеризаминӣ 60,7 метр, паҳноӣ – 12,8 метр ва баландиаш 3 метрро ташкил медиҳад. Дар гузаргоҳ 25 нуқтаи фурӯш ва кабинети нозири минтақавии милиса низ ҷой дода мешаванд», - афзуд Саидов.