Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет торнамои ба Фейсбук монанди худро боз карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов хабар дод, чанде қабл пас аз вохӯрии ҷавонони фаъоли ҲХДТ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди узвияти Тоҷикистон дар СММ чунин тасмим гирифта шудааст.
«Чунин ташаббус аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва кормандони Маркази технологияҳои инноватсионии ин донишгоҳ сурат ирифт ва мо онро дастгирӣ намудем», - таъкид кард Мирсаидов.
Ба андешаи номбурда, ин сомона бояд ҷавонони тоҷики дохил ва хориҷи кишварро баҳри шукуфоии ватан муттаҳид созад.
«Дар сомонаи зикршуда ба масоили идеал ва арзишҳои миллии халқи тоҷик афзалият дода шуда, бигзор он ҳамчун майдони табодули афкори ҷавонони тоҷик хизмат намояд», - зикр кард А.Мирсаидов.
Ба қавли раиси ташкилот, аллакай корҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди сомонаи мазкур оғоз гардидаанд.
Ёдрас мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 8 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста