Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар маркази омӯзиши кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ, ки дар китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии маркази вилояти Суғд воқеъ аст, ба 140 нафар шогирдони курси омӯзиши дӯзандагӣ ва бофандагӣ шаҳодатномаи хатм супориданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар чорабинӣ аз раёсати кумита – Акбари Миршикор, мудири кулли мададкори кумита оғои Парпанҷӣ, раиси кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ дар Тоҷикистон Саидҷаводи Разавӣ ва намояндагони ахбори умум иштирок доштанд.
Дар давоми се моҳ духтарон аз қишри ниёзманди ҷомеа бо омӯзиши ҳунари дӯзандагиву бофандагӣ машғул шуда, ин касбро ба пуррагӣ фаро гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар 7 шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷониби намояндагони Имдод барои фарзандони оилаҳои ниёзманд курсҳои омӯзишӣ фаъолият мекунад.
Дар оянда аз тарафи ин созмон таъсиси ин гуна курсҳо дар навоҳии Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Табошар дар назар аст. Барои ҳунарҷӯёни шаҳри Хучанд бошад, таълими ҳунарҳои кафшергарӣ, устои барқ, симкашии автомобил ва сантехникӣ ба нақша гирифта шудааст.
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста