Кумита оид ба ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз озмуни навбатии асарҳои публисистӣ ва маводи журналистӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2011 натиҷагирӣ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмуни аз рӯйи чор номинатсия – беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ, беҳтарин маводи телевизионӣ, беҳтарин маводи барномаи радиоӣ, беҳтарин асари илмӣ-таҳқиқотии журналистӣ – дастури таълимӣ оид ба журналистика доир гардид.
Ба иштирок дар озмун танҳо аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳуқуқ доштанд. Мавод барои озмун аз ҷониби ташкилотҳои аввалияи ИЖТ ё раёсати муассисаҳои эҷодӣ пешниҳод гардиданд.
Ба феҳристи барандагони ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2011 Фирӯза Саидова (Радиои Тоҷикистон), Сайёфи Мизроб («СССР»), Абдуқаюми Қаюмзод («Озодӣ»), Абдуғаффори Камол («Ҷаҳоннамо»), Зафар Саидов («Сафина»), Ҷумъа Қувват («Нури Нуробод»), Гавҳар Умарова (Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода), Игор Сатторов (ҳафтаномаи «Алюминии Тоҷикистон»), Солеҳбой Дадабоев (Ҳақиқати Суғд) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи "Истиқлол"-и ноҳияи Темурмалик) шомил гардиданд.
Маросими супурдани ҷоизаҳо рӯзи 17-уми марти соли равон доир мегардад.
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста