Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ таҳти унвони «Роҳи бехатар» миёни журналистон оид ба инъикоси масоили бехатарии ҳаракат дар роҳ озмуни навбатӣ эълон карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмун мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ аз 2-юми декабри соли 2008 «Дар бораи Барномаи такмили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҶТ барои солҳои 2009-2013» ва ба ифтихори таҷлили ҷашни 76-умин солгарди таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон созмон дода мешавад.
«Ҷалби васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба раванди ташаккули фазои иттилоотии мусоид барои татбиқи барномаи такмили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, беҳбуди фаъолият дар самти ба аҳолӣ шарҳ додани мушкилоти ҷойдошта зимни ҳаракат дар роҳ ва ноил гардидан ба сифати хуби таҳияи маводи журналистӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории озмун мебошанд», - гуфт П.Нуров.
Ба озмун маводи ҳама гуна жанрҳои журналистӣ, ки дар давраи аз 1-уми январ то 20-уми июни соли 2012 ба чоп мерасанд, қабул карда мешаванд. Дар маросими натиҷагирӣ аз озмун, ки санаи 1-уми июли соли равон доир мегардад, ғолибон бо диплому туҳфаҳои арзишманд қадронӣ карда хоҳанд шуд.
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста