Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои кӯдакистони нав дар қисмати соҳили чапи шаҳр баргузор шуд, ки тайи 20 соли ахир нахустин бинои кӯдакистони нав хоҳад шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар доданд, кӯдакистон барои 250 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, аз маблағҳои буҷети шаҳрӣ ва қисман аз буҷети вилоят бунёд мегардад. Арзиши лоиҳавии сохтмон 15-16 млн. сомониро ташкил медиҳад.
«Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дар қаламрави он майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва боғ сохта мешавад. Кӯдакистон марҳила ба марҳила бунёд гардида, муҳлати мушаххаси ба истифода додани он маълум нест», - гуфт як манбаъ аз ҳукумати шаҳр.
Бино ба гуфтаи методисти шуъбаи таълими томактабии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Туҳфа Мамадҷонова, айни замон дар шаҳри Хуҷанд 31 кӯдакистони давлатӣ ва як кӯдакистони хусусӣ амал мекунад, ки дар он кӯдакони синнусоли аз 18-моҳа то 7-сола тарбият мегиранд.
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста