Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки  2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои истиқоматии ҳудуди марзиву маъмурии шаҳр иштирок карданд.

Дар ҷаласа масоили кабудизоркунӣ, риояи меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр ва ҳамчунин оғзи корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 90-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, 20-умин солгарди эълони шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон соли 2014 ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе аз 25 марти соли 2012 то 1-уми октябри соли 2014 маъракаи «30 моҳи ободонӣ» эълон карда шудааст.

Раиси пойтахт ба ҳозирин иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби мабалғҳои буҷети шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаҳои алоҳида беш аз 220 млн маблағҳо сафарбар мегардад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки барои амалисозии вазифаҳои мазкур соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик корҳои таъмир ва азнавсозии 9,7 километри роҳҳои кӯчаҳои пойтахт оғоз гардида, барои он аз буҷети шаҳр 15 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.