Масъалаи иҷозати гузоридани намози ҷумъа дар масҷиди оилаи бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар ноҳияи Ваҳдат мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора ба имомхатиби нави масҷиди «Муҳаммадия» Вайсиддин Қурбонов аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ мактуб расидааст.
Да суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» имомхатиб Вайсидин гуфт, рӯзи 12-уми март ӯ ба Кумитаи умури дин даъват шуда, дар он ҷо ба ӯ мактубе супоридаанд. «Дар мактуб гуфта мешавад, ҳалли масъалаи масҷиди «Муҳаммадия» айни замон ғайриимкон аст, чунки имомхатиби пешина эшони Нуриддин Тӯраҷонзода қарори кумита дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти масҷид ҳамчун масҷиди намози ҷумъаро сарфи назар кардааст. Дар мактуб ҳамчунин зикр мегардад, ки қарор дар ин бора пас аз як ҳафта қабул хоҳад шуд», - гуфт имомхатиб.
Интизор мерафт, ки кумита қарор дар бораи фаъолияти минбаъдаи масҷиди «Муҳаммадия»-ро бояд рӯзи 13-уми март қабул мекард. Айни замон масҷид ҳамчун масҷиди намози панҷгона фаъолият мекунад.
Ба эътиқоди Вайсиддин Қурбонов, эшони Нуриддин низ аз Кумитаи умури дин огоҳӣ гирифтааст. «Гузашта аз ин, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо номае ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, гӯё дар он изҳор кардаанд, ки дар Ваҳдат якчанд масҷидҳо барои гузаронидани намози ҷумъа иҷозат гирифтанд ва бинобар он, дигар ба баргардонидани мақоми масҷиди намози ҷумъа ба масҷиди «Муҳаммадия» зарурате нест», - мегӯяд вай.
Ёдрас мекунем, ки пас аз муттаҳам кардани бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа, гузаронидани намози ҷумъа дар ин масҷид мувакқатан манъ карда шуд. Баъдтар 19 масҷиди Ваҳдат ба баргузории намози ҷумъа иҷозат гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи умури дин гуфтаҳои имомхатиб В.Қурбоновро рад сохта, изҳор карданд, ки мактуб ба имомхатиб фиристода шудааст, вале касе ӯро ба кумита даъват накардааст. «Дар мактуби мо зикр гардид, ки қарор дар бораи фаъолияти минбаъдаи масҷиди «Муҳаммадия» пас аз ҳафт рӯз қабул хоҳад шуд. Дигар чизи зиёдатие дар он мактуб вуҷуд надошт», - гуфт як манбаъ дар кумита.
Қаблан дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор карда буд, ки муассисони масҷид нияти қатъи фаъолияти онро надоранд.
«Ҳукуматдорон фаъолияти масҷиди моро ҳамчун масҷиди ҷомеъ муваққатан боздоштанд ва акнун бояд бигӯянд, ки масҷид метавонад минбаъд ҳамчун масҷиди ҷомеъ фаъолият намояд ё на. Масҷид танҳо бо қарори суд ё муассисони он баста мешавад ва ҳукуматдорон бояд ба мо бигӯянд, ки ё шумо ба фаъолиятатон идома бидиҳед, ё онро бояд бо қарори суд бубандед», - гуфт Тӯраҷонзода.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста