Рӯзи шанбеи 17-уми марти соли равон дар толори давлатии марказии консертии «Россия» дар шаҳри Маскав маросими таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз баргузор мешавад.

Ба туфайли дастгирии ҳукумати шаҳри Маскав маротибаи ҳафтум аст, ки озарбойҷониҳову тоҷикон, эрониву қазоқу қирғизҳо, бошкирду лезгину курдҳо, ӯзбеку туркман ва намояндагони дигар миллатҳо ин ҷашнро ҳамроҳ бо маскавиён ҷашн мегиранд.

Хуршеда Ҳамроқулова, узви Шӯро оид ба умури миллатҳои назди ҳукумати шаҳри Маскав, муаллифи консепсия ва коргардони тамоми чорабиниҳои идонаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав буда, маҳз бо ибтикорӣ баҳри ташкили ин чорабинӣ тамоми диаспораҳое, ки иди Наврӯз барояшон ҷашни анъанавӣ аст, гирдиҳам омаданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони дисапораҳои дигари шаҳри Маскав, ки Наврӯзро чун иди миллӣ ҷашн намегиранд, низ иштирок мекунанд. Дар зарфи 7 соли сипаришуда беш аз 25 дастаҳои ҳунарии ин диасораҳо дар ҷашни идонаи Наврӯз ҳунарнамойӣ кардаанд.

Шурӯъ аз соли 2006 ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав бо дастгирии ҳукумати пойтахти Русия ҳамчун иди умумишаҳрии оммавӣ таҷлил гардида, дар он беш аз 10 ҳазор нафар меҳмонон ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни бевоситаи чорабиниҳо беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад.

Соли равон ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав таҳти шиори гуфтаҳои безаволи Ҳофизи бузург: «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» доир мегардад.

 Хуршеда Ҳамроқулова гуфт: «Мо хоҳони онем, ки сарфи назар аз мансубият, тамоми сокинони Маскав худро дар як оилаи бузурги дӯстона эҳсос намоянд».