Вазорати адлияи Русия ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирӣ ва ба Рӯйхати давлатии филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии муқими Федератсияи Русия шомил гардидан» шаҳодатнома супурд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, аллакай дар идораи «Тоҷикхориҷакор» дар Маскав кор оғоз гардида, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург филиали корхона кушода шудааст.

Зимни чорабинии тадорукотӣ оид ба ифтитоҳи намояндагӣ дар шаҳри Санкт-Петербург (20-уми апрел) бобати дар фурсати наздиктарин ҳал кардани вазифаҳои ташкили ба қайди андоз гузоштан, таъсиси фонди бимаи иҷтимоӣ, фонди нафақа, таҳияи дастури вазифавӣ барои ҳайати шахсӣ ва ғайра супоришҳо дода шуданд. Ҳамчунин вазифаҳои аввалиндараҷа оид ба роҳандозии робита бо корфармоёни минтақа низ барррасӣ шуданд.

КВД «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо мақсади ба танзим овардани раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия таъсис дода шудааст.