Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонид. Миқдори аввали кӯмак чанде қабл ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҳар кадоме аз қуттиҳои кӯмак аз якчанд бастаҳои макарон, қанд, орд, биринҷ ва намак иборат аст. Қисмати дуюми кӯмак аксаран аз хурмо иборат хоҳад буд.
Ба гуфтаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, имрӯз қисмати дуюми кӯмак низ ба Тоҷикистон оварда шуда, сипас он ҷиҳати тақсим миёни оилаҳои камбизоат ба сохтори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ супорида мешавад.
«Агар оилаи камбизоат аз 3-4 нафар иборат бошад, барои ин гуна оилаҳо дар тамоми муддати моҳи Рамазон 2 қуттӣ аз ин кӯмак пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин мо ният дорем, ки туҳфаҳои худро ба хона-интернатҳои тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд низ расонем. Барои онҳо ин барои як сол басанда аст», - зикр кард сафир.
Дар робита ба маблағи кӯмак сафир гуфт, ин як туҳфаест ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва аз ифшои маблағи умумии он худдорӣ кард. «Бигзор дӯстони тоҷик кӯмаки моро ҳамчун туҳфа қабул кунанд», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 20-уми июл, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта оғоз мегардад. Шӯрои уламои кишвар аз ҳамаи тоҷирону савдогарон даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон мувофиқи имкон нархи маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоиро арзон кунанд.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста