Шурӯъ аз имрӯз шабакаи телевизиони «Пойтахт» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз намуд. Муассисаи шабакаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе аст.

Тавре ба ОИ директори телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор хабар дод, феълан ҳудуди 2 млн. нафар сокинону меҳмонони пойтахт ва манотиқи гирду атрофи он аз тамошои шабакаи телевизиони мазкур бархӯрдоранд. «Дар робита ба пахши шабонарӯзӣ гузаштан, мо ба раиси пойтахт ҷиҳати мусоидат ба афзоиши ҳайати кории шабака то 50 нафари  дигар муроҷиат хоҳем кард», - гуфт А.Абдуқаҳҳор ва илова намуд, ки айни замон шумори журналистону кормандони ҳайати техникии шабака 50 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати аз ҷониби раиси пойтахт рад шудани ин дархост, маъмурияти шабака пайи дарёфти имконот баҳри афзудани шумори кормандон аз ҳисоби реклама хоҳад шуд. «Дар муддати 10 рӯзи наздик телевизиони «Пойтахт» пурра ба пахши рақамӣ гузашта, аз 1-уми январи соли 2013 мо ният дорем, ки ба дастрасиву пахши барномаҳои шабака тавассути алоқаи моҳвораӣ муваффақ гардем», - афзуд директори шабакаи телевизионӣ.