Кумитаи Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) имкони дар соли 2013 илова намудани 32 иншоот ба Рӯйхати мероси ҷаҳониро баррасӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ЮНЕСКО , зимни иҷлосияи 37-уми Кумита, ки аз 16 то 27-уми июн дар Камбоҷа баргузор мегардад, ҳамчунин номзадии Боғи миллии Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помир ба ин рӯйхат низ баррасӣ хоҳад шуд.

Боғи миллии Тоҷикистон қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои Ҷиргатолу Тавилдараро дар бар мегирад. Ба он қисмати марказии Помиру Олой низ шомил аст, ки аз қаторкӯҳҳои зиёде иборат мебошад.

Боғи миллии«Кӯҳҳои Помир»-и Тоҷикистон қаламрави махсусан ҳимояшавандаи табиат дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Майдони умумии қаламрави боғ 2,6 млн. гектарро ташкил медиҳад.