Дар Кӯлоб бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи минтақа таҳти унвони шартии «Ислом ва масоили гендерӣ» семинари серӯза доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, дар кори дарки масъалаву муфид гузаштани чорабинӣ сардабири маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон» Марямбӣ Давлатова, мудири шуъбаи мушкилоти гендерӣ ва умури байнулмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Маърифат Шокирова ва корманди Академияи улуми ҷумҳурӣ, профессор Нодир Одилов саҳм гирифтанд.

«Маълум шуд, ки аксари имомхатбон аз масъалаи баробрабҳуқуқии мардону занон дар ислом ё огаҳӣ надоранд ва ё ба он таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд. Дар китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон зану мард 24 маротиба зикр мешаванд, ки бешубҳа аз баробарии онҳо гувоҳӣ медиҳад», - иброз дошт Ш.Абдулҳамидов.

Ба қавли ӯ, дар рӯзи сеюми семинар занони яккаву танҳо, занони бевамонда, духтарони синнусоли шавҳарӣ низ ба кори семинар пайваста, маълум шудааст, ки онҳо низ аз ҳуқуқҳои худ тибқи шариати ислом огаҳии хуб надоранд. «Аз ин ба баъд ҳангоми никоҳ имомхатибон ҳатман навхонадоронро аз ҳуқуқҳояшон ва роҳҳои ҳифзи он огоҳ хоҳанд кард», - афзуд номбурда.