Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бунёди ду корхонаи истеҳсоли шифер ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора Амирулло Холов, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки оғози ин сохтмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, 2 корхонаи истеҳсоли сангреза ва 2 корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ низ бунёд мегарданд.

«Дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаҳо имкон пайдо мешавад, ки 300 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд», - афзуд раиси ноҳия.

Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 39 миллиону 542 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 544 ҳазор сомонӣ зиёд аст.