Имрӯз дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Қумсангир маросими кушодашавии ду мактаби нав баргузор шуд.

Биноҳои макотиби мазкур дуошёнагӣ буда, аз ҳафт синфхона бо шумули утоқи компютерӣ ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад. Мактаби №24 барои таҳсили 210 толибилм ва мактаби №25 барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.

Тибқи иттилои сарвари яке аз макотиби тозабунёд Дилором Тағоева, ин муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати молиявии Бонки Олмонии Рушд, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва аҳолии деҳоти Алишери Навоӣ ва Маданият бунёд шудаанд.

Бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир мушкилии асосии сокинони ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» ҳолати садамавии биноҳои мактабҳои куҳна, нарасидани ҷойи нишаст ва синфхонаҳои таълимӣ, набудани утоқҳои компютерӣ ва майдончаи варзишӣ, инчунин душвории равуои толибилмону омӯзгорон дар роҳҳои бетаъмири атрофи мактаб ба шумор мерафт.

Бо бунёд шудани ду мактаби ҷадид, толибилмон аз оғози соли нави хониш дар биноҳои замонавӣ таҳсил мекунанд.               

Дар маросими ифтитоҳи ин мактабҳо раиси ноҳияи Қумсангир Холмаҳмад Раҳмонов, намояндагони вазорати маорифи ҶТ ва сохторҳои маблағгузор, инчунин сокинони деҳоти Алишери Навоӣ ва Маданият ширкат варзиданд.