Дар намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни Барномаи нави давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ шаҳодатномаҳои аввалин супурда шуданд.

Тавре аз сафоратхонаи Русия дар ҶТ хабар доданд, пас аз мавриди амал қарор гирифтани Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ дар таҳрири нав, ба намояндагии Хадамоти федералии Русия дар ҶТ беш аз 500 ариза бо дархости иштирок дар барномаи мазкур ворид шудааст.

Рӯзи 24-уми сентябр дар намояндагӣ маросими ботантанаи супурдани 9 шаҳодатномаи аввал ба иштирокчиёни барнома доир гардид. Дар ин маросим мушовир-сафири сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Владимир Ваниев, муовини роҳбари намояндагӣ Юрий Пряхин ва роҳбари намояндагии Россотрудничество Владислав Курнушко ширкат варзиданд.

Юрий Пряхин иловатан ба соҳибони шаҳодатнома роҷеъ ба амали минбаъдаи онҳо дар доираи барнома зимни кӯчидан аз макони зист ба вилоятҳои Воронеж ва Калугаи Русия маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2006-ум, шурӯъ аз оғози Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёран ба Русия кӯчонидани ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 5,5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия кӯчонида шудаанд. Дар маҷмӯъ бошад, аллакай ҳудуди 130 ҳазор нафар ҳамватанон аз беш аз 40 кишвари дунё Русияро макони зисти минбаъда интихоб кардаанд.