Хабари куштори 13 аъзои чаҳор оила дар Конибодом, ки дутояш дар деҳаи Санҷидзор мебошад, сокинони деҳа ва рустоҳои гирду атрофи онро нигарон кардаву ба таҳлука андохтааст. Ин ҳодисаҳо боис шуданд, ки бархе сокинон дарвозаҳои худро баста, муваққатан ба хонаи наздиконашон ба дигар минтақаҳо кӯч банданд.
“Азия-Плюс” рӯзҳои 31-уми май ва 3-юми июн барои дарёфти иттилои бештар оид ба ин ҳодисаҳо, суҳбат бо наздикони кушташудаҳо ва шиносоӣ бо вазъи деҳа ба рустои Санҷидзор рафт. Аксари ҳавлиҳоро беодам, дари хонаҳоро қулфзада ва сокинонро дар ҳолати нигаронӣ дарёфтем. Бошандагони ин деҳа тоҷикон ва қирғизҳои таҳҷоӣ мебошанд.
Дар Конибодом чӣ мегузарад?
Дар охири моҳи март 5 аъзои оила дар шаҳри Конибодом кушта шуданд. Мақомот аввал эълон карданд, ки марди 65 сола ҳамсару келин ва ду набераи ноболоғашро ба қатл расонида, сипас худкушӣ кардааст. Аммо дертар маълумот пайдо шуд, ки қотил ё қотилон пас аз куштор бо мақсади гумроҳ кардани муфаттишон ва пинҳон доштани изи худ ҷасади падари хонаводаро овехтаанд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ қотилро меҷӯянд.
Шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови Конибодом ҷасади зану шавҳарро дар хонаашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Сабаби куштор ва қотил маълум нест.
Охирон, шаби 28 ба 29-уми май 6 нафар аъзои ду оила, аз ҷумла ду ноболиғро ба қатл расониданд.
Мувофиқи иттилои пешакии мақомот, ҳамаи кушташудагон бо роҳи буғӣ кардан ба қатл расонида шудаанд.
Мақомоти қудратӣ куштори бераҳмонаи оилаҳоро шарҳ намедиҳанд. Акбар Шарипов, масъули кор бо ВАО дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳодисаҳои куштор дар шаҳри Конибодомро дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, вале аз додани иттилои бештар барои халал ворид накардан ба рафти тафтишот худдорӣ кард.
Тафсилоти куштори се узви як оила
Мукаррам Ахмедова, хушдомани Маҳбуба Ахмедова, ҳамшираи шаби 28-29 май ҳамроҳи ду кӯдаки ноболиғаш кушташуда, то ҳол ба суоли он ки кӣ ва чаро келину набарҳояшро бо чунин бераҳмӣ куштааст, посух меҷӯяд.
Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, оилаи писараш бо касе хусумат надошт ва ҳудуди 20 сол як зиндагии орому осуда дошт. Мукаррам овозаҳо дар бораи дуздии маблағи калонро аз хонаи келинаш дар шаби кушгтор рад кард. Ба гуфтаи ӯ, писараш моҳи апрели соли равон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт ва як муҳоҷири оддӣ буд.
Ҷасади Маҳбуба Ахмедова ва ду кӯдакашро ҳамсояҳо дар хонаҳои алоҳида пайдо кардаанд.
“Вақте Маҳбуба тамоми шаб ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳад, писарам аз ҳамсоя хоҳиш мекунад, ки оилаашро огоҳ кунад. Вақте ҳамсоя ба хона медарояд, якум Дамирҷони 14-соларо кушта меёбад. Келинамро фарёд мекунад, ки садо намебарояд. Дуюм хонаро мебинад, ки келин ҳам беҷон хобидааст. Се аҳли оилаи маро дар се хона кушта рафтаанд”, - нақл кард Мукаррам.
Ҷасади Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола, Нозинин Ахмедоваи 16-сола ва Дамирҷон Ахмедови 14-соларо рӯзи 30-юми май дар қабристони деҳаи Ҷаҳонзеб (пешина Қарачқум) ба хок супориданд.
Мактаб “ситод”-и тафтишотӣ
Мактаби қирғизии №28-и деҳаи Санҷидзор ба як навъ ситоди мақомоти қудратӣ, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, мубаддал шудааст. Рӯзи 3-юми июн вақте аз ин мактаб дидан кардем, омӯзгорону хонандагон набуданд, онҳоро ба мактаби дигар гузаронидаанд. Аз ситод касе ҳозир нашуд бо журналистон суҳбат кунад ва тавсия доданд, ки ба раёсати вилоятӣ муроҷиат намоем.
Яке аз кушташудагон дар шаби 28 ба 29-уми май Зулхо Иброҳимова, муовини директори ин мактаб буд, ки ҳамроҳи додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва ҳамсари ӯ Қурбонгул Иброҳимова ба қатл расонида шуд. Онҳо сокинони қирғизтабори деҳаи Санҷидзор мебошанд.
Аз ин оила се кӯдак ятим монд ва ҳоло дар ихтиёри мақомоти давлатӣ қарор доранд. Хостем бо наздикони ин оила ҳамсуҳбат шавем, аммо ҳамсоягонаш гуфтанд, дар деҳаи Санҷидзор касе надоранд ва эҳтимол хешу ақрабояшон дар Қирғизистон бошанд.
Зимнан, мақомоти баландпояи қудратии кишвар ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтаанд ва сокинони деҳа ва гирду атрофи онро ба ситоди тафтишотӣ-мактаби №28 даъват ва бозпурсӣ мекунанд.
“Аз тарс бозор ҳам нарафтем”
Сокинони деҳаи Санҷидзор ва рустоҳои гирду атрофи дар пайи кушторҳои пайиҳам шабҳо хоби роҳат надоранд ва фарзандону наздикони муҳоҷирашон ҳам аз ин вазъ нигаронанд.
Турдигул Ҷолдошова, зани 72-солаи сокини қирғизтабори деҳа мегӯяд, дар умраш бори аввал “чунин даҳшатро шунидааст”.
“Ману муйсафед танҳоем. Ду писарамон барвақт фавтиданд, духтарҳо дар хонаи шавҳарашон. Ҳавлиҳо васеъ, дарвоза ҳам надорем, деворҳо пасту кӯчида. Ин манзара албатта нигаронии моро дучанд мекунад. Зеро ҳар касе хоҳад бемушкил вориди хона мешавад.
Як духтарам муаллима аст, чанде пештар 100 сомонӣ дод, ки бозор рафта маҳсулот харед. Аммо аз тарс бозор ҳам нарафтем”, - нигаронӣ кард Ҷолдошева.
Нигаронии муҳоҷирон ва кӯчбандии аҳолӣ аз деҳа
Абдусалом Абдураҳмонови 71-сола, сокини кӯчаи Ҷавонони деҳаи Ҷаҳонзеб дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарчанд кушторҳои пайдарпай дар деҳаи ҳамсоя рух додааст, аммо онҳо низ дар тарсу ҳаросанд.
“Як писарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Қабл аз ҳодисаҳо дар ду се шаб як бор занг мезад, ҳоло ҳар ду се соат занг зада аз ҳоли мо ва деҳаю шаҳр мепурсад. Ин ҳодисаҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳам ноором кардааст”, - гуфт ӯ.
Ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки дар баъзе аз маҳаллаҳое, ки мард надорад, то ором шудани вазъ ситод ташкил карда, 2-4 мард ҳамчун посбон мондаанд.
Ӯ нақл кард, ки ҳар бегоҳ занони танҳо “мисли кучманчӣ дари хешу таборашон меравад. Чашми ҳама ба мақомот, то ҷинояткоронро зудтар ёбанд вазъияти ноороми мо оромиш ёбад”.
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста