Обуҳавошиносон пешгӯи мекунанд, ки се моҳи оянда ҳарорат дар Тоҷикистон сард мешавад.

Директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Маҳмад Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимистони имсола нисбатан сард омада, ҳарорати миёнаи моҳона 1-3 дараҷа аз меъёри иқлимӣ поинтар хоҳад буд. «Дар ин давра аз Уқёнуси яхбастаи шимолӣ ҳарорати сард ба кишвари ворид мешавад», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Сафаров, аллакай моҳи ноябр сардиҳо оғоз гардида, то моҳи феврал идома меёбанд. «Мо алҳол дар бораи дигар ҷузъиёт маълумот дода наметавонем, танҳо пешгӯи мекунем, ки зимистони имсола барвақттар омада, сарду тӯлонӣ хоҳад шуд», - афзуд номбурда.