Шурӯъ аз оғози сол 372 нафар сокинони вилояти Хатлон аз хориҷи кишвар, асосан аз Русия ба ватан хориҷ карда шуданд.

Ба иттилои и.в. сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев, аз ин шумор 10 нафарашон занон мебошанд. «Дар ҳамин давраи соли гузашта, 303 нафар сокинони вилоят аз хориҷи кишвар ба ватан фиристода шуда буданд», - гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, сабаби аслии аз қаламрави кишварҳои хориҷӣ ба ватан хориҷ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби онҳо риоя нагардидани тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин давлатҳо мебошад.