Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода ва намояндаи Бонки рушди Олмон Олга Геффел Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон дар бораи расонидани кӯмаки ройгон ба бахши тандурустии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд, мутобиқи ин созишнома Олмон барои амалисозии марҳилаи 2,3 ва 4-уми лоиҳаи «Ҳифзи солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» 31,5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан барои амалисозии марҳилаи 1-уми лоиҳа ҳукумати Олмон 10 млн. евро маблағ ихтисос дода буд, ки баҳри такмил ва беҳбуди фаъолияти таваллудхонаҳо дар вилояти Хатлон равона гардида буданд.

Интизорӣ меравад, ки амалисозии лотҳаи мазкур ба беҳбуди вазъи дастрасии аҳолӣ ба хизматгузориҳои тиббии хушсифат мусоидат хоҳад кард.