Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ, рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Карамов сар карда, то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Бухоро, нигоҳдорӣ ва таваққуфи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар назди биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо, ки ҳамшафати роҳи автомобилгарди хиёбони Рудакӣ мебошанд, манъ карда мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо харакати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои зерини кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, манъ карда мешавад:

- хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро;

- хиёбони И.Сомонӣ аз чорроҳаи И.Сомонӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ-Ҳ.Шерозӣ;

- кӯчаи Шероз аз чорроҳаи Шероз-И.Сомонӣ то чорроҳаи Шероз-Бухоро;

- кӯчаи Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз майдони Дустӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шевченко-Бухоро;

- кӯчаи Л.Шералӣ аз чорроҳаи Л.Шералӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи Л.Шералӣ-М.Турсунзода;

- кӯчаи Ф.Ниёзӣ аз чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-Шероз то чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-М.Турсунзода;

- кӯчаи Саид Носир аз чорроҳаи Саид-Носир-Рӯдакӣ то чорроҳаи Саид Носир-Ҳ.Шерозӣ;

- кӯчаи Шоҳтемур аз чорроҳаи Шоҳтемур-Шероз то чорроҳаи Шоҳтемур-М.Турсунзода;

- кӯчаи Шотта Руставели аз чорроҳаи Шотта Русатавели- Рӯдакӣ то  чорроҳаи Шотта Руставели-Бохтар;

- кӯчаи Теҳрон аз чорроҳаи Теҳрон-Шероз то чорроҳаи Теҳрон-Бохтар.