Аз 23 то 25-уми ноябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи 5-уми байналхалқии Аврупо ва Осиё аз фанни технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати маорифи ҶТ, дар олимпиадаи мазкур, ки беш аз 250 даста ширкат намуданд, Тоҷикистонро ду даста аз гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» намояндагӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ дастаи аввали Тоҷикистон дар ҳайати Тӯраев Меҳрубон (хонандаи синфи 10), Раҳмонов Хайём (хонандаи синфи 11) ва Каримов Фаррух сазовори ҷои аввал ва медали тиллои озмун гардиданд.

«Дастаи дуюм (Сафаров Акмал, Ғаффоров Дилшод ва Ғафурова Зарнисо -хонандагони синфи 11)-ро бошад, ҷои сеюм насиб гардид», - гуфта мешавад дар иттилои вазорат.