Рӯзи 27-уми ноябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо ибтикори кишварҳо - аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи Гурӯҳи дӯстони об, ки ба он намояндагиҳои доимии Маҷористон, Финляндия, Таиланд, Швейтсария ва Тоҷикистон дар СММ шомиланд, чорабинии махсус ҷиҳати муаррифии ҳисоботи нави СММ таҳти унвони “Таҳкими нақши об дар рушди устувор ва пешравӣ: об дар ҳошияи рӯзномаи рушд дар давраи баъд аз соли 2015: самтҳо ва мулоҳизаҳо” доир гардид.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, чорабинии мазкурро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов оғоз намуда, доир ба раванди муҳокимаи масоили об баъд аз Конфронси СММ оид ба рушди устувор, ки соли гузашта дар Рио-де-Жанейро доир шуда буд, маълумот дод. Дар қисми ифтитоҳии ҷамъомади мазкур Мудири шӯъбаи рушди устувори СММ Никил Сет, Муовини Дабири кулли СММ ва ректори Донишгоҳи СММ Давид Малоне ва Мудири Дафтари СММ оид ба рушди устувор дар Сеул Ёнг Су Юн низ сухан карда, зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро барои ноилшавӣ ба рушди устувор таъкид карданд.

Зимни ҳамоиш Мудири институти об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ доктор Зафар Одил, ки яке аз ҳаммуаллифони он гузориш мебошад, ҳисоботи мазкурро муаррифӣ намуд.

Пас аз он намояндагони доимии якчанд кишварҳо-аъзои СММ, аз ҷумла Сингапур, Швейтсария, Ҳолланд, Зеландияи Нав, Бангладеш ва Олмон сухан карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин санад иброз намуданд.