Анонс

- Нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ ба шаҳри Тошканд меравад;

- Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ширкат меварзад;

- Ассотсиатсияи миллии менеҷерон дар доираи лоиҳаи «Рушди ВАО-и қавӣ ва мустақил» дар мавзӯи «Асосҳои ахлоқии медиа-менеҷмент» мизи гирд барпо мекунад. Мизи гирд соати 15:00 дар маркази матбуоти МТС назди президенти ҶТ, ошёнаи 2 ба кор шурӯъ мекунад;

- Дар шаҳри Қазони Русия таҳти унвони «Ҳамгироии иқтисодии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» форум баргузор мешавад;

- Идомаи маъракаи «16 рӯзи амал алайҳи хушунати хонаводагӣ» дар Тоҷикистон.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7745 сомонӣ;

1 евро - 6.4346 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.149 0 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1947 – Шумораи нахустини маҷаллаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» нашр шуд.

1950 – Зодрӯзи овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Владимир Каримов.

1951 – Мавлуди нависанда Амир Сайиди Мункӣ.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Равшани Раҳмонӣ.

1970 – Мавлуди рӯзноманигор Саидмуроди Хоҷазод.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +10+15;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +18+20.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +13+15.