Муддати барфрезӣ тайи 2 шабонарӯз дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон идораҳои давлатии хоҷагии роҳҳои минтақа тавонистанд, ки ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.
Чуноне як манбаъ аз идораи давлатии муассисаи нигоҳдории роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон хабар дод, дар се ағбаи минтақа - Фахробод, Сарбанд ва Султонобод тайи ду шабонарӯзи барфрезӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.
Ба гуфти манбаъ, барои аз барф тоза намудан ва пошидани маводҳои зиддилағжиш дар роҳҳои минтақа 72 техника ва 263 нафар кормандон сафарбар карда шудаанд, ки шабонарӯзӣ кор карда истодаанд.
«Мушкили дар роҳҳои сатҳи маҳаллӣ аст, ки бо сабаби ҷудо нашудани маблағҳои зарурӣ аз буҷаҳои маҳаллӣ роҳҳо аз барф тоза карда намешаванд», - изҳор дошт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, барои тоза намудани роҳҳои марказӣ бо супориши раиси вилоят техникаи зарурӣ аз муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Вахш ҷалб карда шуд.
Бино ба маълумот расида, муддати барфрезӣ тайи ду шабонарӯз дар минтақа баландии барф то 30 см ва дар баъзе нуқот то 40 см расидааст, ки кори роҳҳсозонро душвор кардааст.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста